Wq/tg/Эмомалӣ Раҳмон

< Wq‎ | tg
Wq > tg > Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон (тав. 5 октябри соли 1952) — сиёсатмадори тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иқтибосҳо

edit
  • Агар кас гузаштаи аxдоди худро надонад, инсони комил нест.
  • Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.
  • Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд.
  • Шукрона кунед, ку чунин давлат доред.
  • Як ҷаҳон ташаккур, як ҷаҳон ташаккур.

Иқтибосҳо аз паёмҳо

edit

Иқтибосҳо аз паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ

edit

2016

edit
  • Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
  • Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад.
  • Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.
  • Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад.
  • Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд...

Иқтибосҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

edit
  • Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед.Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд.