Wq/tg/Роҳи орифон (рисола)

< Wq‎ | tg
Wq > tg > Роҳи орифон (рисола)

Роҳи орифон (Минҳоҷ-ул-орифин) рисолаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар байни асарҳои панду ахлоқии бузургвор мақоми хоса дорад. Рисола бо забони тоҷикӣ (форсӣ) таълиф ёфта, бо хати насх навишта шуда аз ҷаҳор саҳифа иборат аст. Соли таълифи рисола алҳол маълум нашуд. 

Мувофиқ гардонад Аллоҳ таъоло туро ба он чизе, ки ин чанд сухан аз каломи аҳли ҳикмат ва маърифат ҷамъ оварда шуд ва Минҳоҷ-ул-Орифин ном ниҳода, то магар хондан ва шунидани ин касро фоида ҳосил ояд иншоаллоҳу таъоло
Дилро ба ҳар андеша мақид макун, то дарнамонӣ.

Иқтибосҳо аз рӯи алифбо

edit
  • Агар дӯстӣ, заҳр талаб.
  • Агар ошиқӣ, як совдо кун.
  • Агар сӯд хоҳӣ, худро мабош, то худро бошӣ.
  • Аз айби худ мушоҳида кунӣ, то дар айб наяфтӣ.
  • Аз афтодагонро магзар, то дар наяфтӣ.
  • Аз сӯҳбати аҳли дунё бипарҳез, то тирадил нашавӣ.
  • Аз халқ ъузлат гир, то ба ҳақ унс гирӣ.
  • Аз худ талаб, агар ҷавонмардӣ.
  • Аз ҳақ ғофил мабош, то шайтон бар ту роҳ наёбад.
  • Аз ҳақ ёрӣ хоҳ, то нусрат ёбӣ.
  • Аз ҳама бегона шав, агар ошноӣ.
  • Аз ҳама муфлис шавӣ, агар муҳаббат хоҳӣ.
  • Аз ҳама навмед шав, то умеди ту барояд.
  • Аз ҳама ҷудо шав, то ба ҳақ расӣ.
  • Аз чиҳати дунё андӯҳгин мабош, то парешон нагардӣ.
  • Амин бош, то амон ёбӣ.
  • Андешаи бисёр аз дил дур кун, то ба сомон шавӣ.
  • Андешаи дунё аз дил дур кун, агар шавад, то парешон нашавӣ.
  • Афтодаро дарёб, то дастгирӣ ёбӣ.
  • Ба аҷз иҷрор кун, агар ҷаҳонгирӣ.
  • Ба камшудагон манишин, то кам нашавӣ.
  • Ба сидқ талаб, то биёбӣ.
  • Ба суди андак басанда кун, то баракат бошад.
  • Ба ҳақ магрез, то аз душман халос ёбӣ.
  • Ба ҳақ паноҳ гир, то халос ёбӣ.
  • Ба ҳеҷ чиз мағрур машав, то ҳалок нагардӣ.
  • Бадхӯй тарк деҳ, то айш бар ту талх нагардад.
  • Бар дар бош, то бикшоянд.
  • Бар зердастон шафқат кун, то раҳоияш ёбӣ.
  • Бар неъмати кас ҳасад макун, то ъофият ёбӣ.
  • Бар ҳарфи кас ангушт манеҳ, то маохаза (танбеҳ шунидан) нагардӣ.
  • Бе ёр шав, то ёр ёбӣ.
  • Бе роҳбар марав, агар ҳушёрӣ.
  • Бе ҳама бош, то бо ҳақ бошӣ.
  • Бегонаро андарун магузор, агар ъиззат дорӣ.
  • Бедор бош, то дузди хона дарнаяод.
  • Бекас бош, то бо кас бошӣ.
 
Рози худ бо кас магӯй, то ганҷи асрор ёбӣ.
 
Он ки бо ту бадӣ кунад, бо ӯ некӣ кун, то қадри ту бияфзояд.
  • Беҳуда бош, агар бегонагӣ металабӣ.
  • Бизоъате бихар, ки харидорӣ он бувад.
  • Бизоъати дунёро харидор машав, то зиён накунӣ.
  • Бикӯш, то биёбӣ.
  • Бо бадхӯён ба дил пеш ой, то зиёнзада нашавӣ.
  • Бо гадоён нишин, агар султонӣ.
  • Бо дӯст чандон кун, ки худро фаромӯш кунӣ.
  • Бо дӯстони худоӣ ошноӣ кун.
  • Бо кас маситез, то аз кина бираҳӣ.
  • Бо қофила рав, ки раҳзанон бисёранд,
    Ҳамроҳ талаб, ки душманон дар коранд.
  • Бо ҳақ бош, агар ишқи ҷовидонӣ хоҳӣ.
  • Бо ҳама нармӣ кун, то аз душман бираҳӣ.
  • Бо ҳама осонӣ кун, то бираҳӣ.
  • Бо ҳар кас манишин, то табоҳ наградӣ.
  • Бо ҳеҷ чиз қарор магир, агар муҳаббат дорӣ.
  • Бор чандон баргир, ки ба манзил тавонӣ расонд.
  • Бори худ бар кас манеҳ, то азиз монӣ.
  • Бори ҳама бикаш, то мӯҳташам гардӣ.
  • Бузургӣ бар ҳеҷ кас макун, то хор нагардӣ.
  • Ва агар роҳравӣ, роҳи хароба гир.
  • Ва он писанд, ки ҳақ писанд кунад, то ба мақсуд бирасӣ.
  • Ва худро ба ҳақ супор, то ба сомон шавӣ.
  • Вақти кор дарёб, то кори ту бисозад.
  • Вақтро бишнос, агар саррофӣ.
  • Ғайбатро дӯст мадор, то ҳақ аз ту душман нашавад.
  • Ғами дунё махӯр, то дил табоҳ нашавад.
  • Ғами фардо махӯр, то амал кӯтоҳ шавад.
  • Гуфти дил пос дор, ки қатъо (ҳаргиз) хилоф накунад.
  • Гӯшае ихтиёр кун, то раҳ, ёбӣ.
  • Дар банди чизе мабош, то озод шавӣ.
  • Дар дарё фурӯ рав, то гавҳар ёбӣ.
  • Дар кас мабин, агар маърифат дорӣ.
  • Дар кори дунё эҳтимом андак кун, то кифоят пайдо ояд.
  • Дар кори ҳақ бош, то кори ту сохта гардад.
  • Дар молояънӣ (корӣ, беҳуда, бемаънӣ) машғул мабош, то ҳасрат нахӯрӣ.
  • Дар муомила сахт мапеч, то хаста нагардӣ.
  • Дар тангиҳо сабр кун, то хор наградӣ.
  • Дар худ мабин, то фуруд наяфтӣ.
  • Дар ҳақ бин, то аз худ фонӣ гардӣ.
  • Дар ъайби худ фурӯ шав, агар дар корӣ.
  • Даргузор, то аз ту даргӯзоранд.
  • Дард ҳосил кун, агар дармон ҷӯйи.
  • Дармондагонро дарёб, то дар намонӣ.
  • Даст дар домони соҳибдавлатон манеҳ, агар давлат хоҳӣ.
  • Дастро гадой мадор, агар ганҷҳо дорӣ.
  • Дигаронро аз худ беҳтар хоҳ, то аз худ халос ёбӣ.
  • Дил аз ҳирс холӣ кун, то роҳат ёбӣ.
  • Дил ба кас мабанд, то зиён накунӣ.
  • Дил ба кас мадеҳ, то зиёнзада нашавӣ.
  • Дил бар ҷой дор, то роҳат ёбӣ.
  • Дилро ба ҳар андеша мақид макун, то дарнамонӣ.
  • Дилҳоро дарёб, агар ҳушёрӣ.
  • Дилҳоро дарёб, то хушнудии ҳақ ёбӣ.
  • Дуруштӣ бигзор, то наздики ҳама душман нашавӣ.
  • Дӯстӣ он беҳ, ки барои худо бувад.
  • Ёди худо муҷиби раҳмат аст.
  • Ёр бош, агар марди роҳӣ.
  • Зиёни кас маяндеш, агар сӯд мехоҳӣ.
  • Илм то донӣ, бихон, агар доноӣ.
  • Ихтиёрӣ худро дар гӯша неҳ, то мӯхтор гардӣ.
  • Камозор бош, агар Сулаймонӣ.
  • Касро айб макун, то ба айби худ мубтало нашавӣ.
  • Касро ба тамаъ маситой, то гирифтор нагардӣ.
  • Касро бо ҳақорат манигар, то хор нашавӣ.
  • Кина бар кас манеҳ, то дар кина наяфтӣ.
  • Кирдори худро қадр манеҳ, то бақадр гардӣ.
  • Кор бо андеша кун, то зиён накунӣ.
  • Кор бо ихлос, кун, то дарҳол ҷазо (мукофоти некӣ) ёбӣ.
  • Коре кун, ки пушаймон наградӣ.
  • Кори дигарон, кун, агар бекорӣ.
  • Кори имрӯз ба фардо ҳавола макун, то ба ҳасрат дарнамонӣ.
  • Кори худро пинҳон дор, то қиммат гирад.
  • Қадри неъмат бишинос, то аз ту наситонанд.
  • Қадри худро бишнос, то боқадр гардӣ.
  • Қаноат кун, агар тавонгарӣ хоҳӣ.
  • Қатраро хор манигар, агар дарёӣ.
  • Мадҳи кас макун, чун оқибат намедонӣ.
  • Маргро ёд кун, то дил ба дунё нагирояд.
  • Мискин бош, то мақбул шавӣ.
  • Нақдро боз гир, агар қаллошӣ (камбағалӣ).
  • Нафаси нафсро устувор мадор, ки дурӯғрӯст.
  • Нафсро пос дор, то ба ҷо бирасӣ.
  • Некӣ андеш, то нимаи некӣ пайдо ояд.
  • Нисофи халқ бидеҳ, то ситамгар нашавӣ.
  • Озори кас махоҳ, то амон ёбӣ.
  • Озори кас махоҳ, то озурда нашавӣ.
  • Он ки бо ту бадӣ кунад, бо ӯ некӣ кун, то қадри ту бияфзояд.
  • Он кор кун, ки ҳақ писандад.
  • Оҳиста рав, то монда нашавӣ.
  • Оҳистагӣ кун, то шайтон бар ту зафар наёбад.
  • Панд бишнав, то суд кунӣ.
  • Поси анфос дор, агар бедорӣ.
  • Ранҷи бодия кун, то ба Каъба бирасӣ.
  • Рози худ бо кас магӯй, то ганҷи асрор ёбӣ.
  • Ростӣ варз, то бираҳӣ.
  • Сабр пеша гир, агар офият мехоҳӣ.
  • Савдое кун, ки ҳаққи сӯдӣ он бувад.
  • Савдое пеш гир, то дар он суд кунӣ.
  • Сар бар ин дар неҳ, ё бар ӯ сари худ гир.
  • Сар бар хати фармон неҳ, агар бандаӣ.
  • Сар дар гиребон фурӯ бар, то айби касро наҷӯйӣ.
  • Сипар бияфкан, ҷанг бархезад.
  • Сӯду зиёни худро намедонӣ,
    Аз он сабаб чунин парешонӣ.
  • Сӯй дунё тез мабин, то кӯр нашавӣ.
  • Сӯҳбат бо некон кун, агар кори нек мехоҳӣ.
  • Таваққуъ аз кас макун, то иззат ёбӣ.
  • Тавфиқ аз ҳақ бин, то ғарра нашавӣ.
  • Тамаъ аз халқ бардор, то мӯҳтоҷ нагардӣ.
  • Танҳоӣ – оҷизӣ.
  • Тарки гуноҳ гир, гар луқмаи ҳалол хоҳӣ.
  • Тарки лаззат гир, агар лаззат хоҳӣ.
  • Тири балоро ҳадаф шав.
  • То донӣ, нафсро дар кор дор, то ба фармон бошад.
  • Фурӯтанӣ кун, то ба бузургӣ бираси.
  • Хашм фурӯ хӯр, то роҳат ёбӣ.
  • Хизмати бузургон кун, то ба бузургӣ бирасӣ.
  • Хилоф тарк деҳ, то осӣ нашавӣ.
  • Хомӯш бош, то бираҳӣ.
  • Хоҷагӣ аз сар фуруд овар, то сарфароз гардӣ.
  • Худписанд мабош, то писандида гардӣ.
  • Худро гум кун, то биҷӯяндат.
  • Худро гунг соз, то гӯё гардӣ.
  • Худро дар миён мабин, то ба маърифат бирасӣ.
  • Худро ҳеҷ қадр манеҳ, то бақадр гардӣ.
  • Худро ҷой манеҳ, то ба ҷое бирасӣ.
  • Худхоҳ мабош, агар давлат хоҳӣ.
  • Хушхӯй бош, то азиз гардӣ.
  • Ҳавои нафсро хилоф кун, агар диловарӣ.
  • Ҳадди ҳар чиз нигаҳ дор, то дар фитна наяфтӣ.
  • Ҳақро ёд дор, то дили ту вайрон нашавад.
  • Ҳама ҳол бо адаб бош, то мақбул бошӣ.
  • Ҳар ҷое марав, то ланг нагардӣ.
  • Ҳарис мабош, то хор нагардӣ.
  • Ҳиммат баланд дор, то қиммат бияфзояд.
  • Ҳоҷати худро ҷуз ҳақ бармадор, то барояд.
  • Ҳурмат нигаҳ дор, то мӯҳтарам гардӣ.
  • Ҷонро дарбоз, агар содиқӣ.
  • Ҷуз ҳақ дӯст магир, то хаста нагардӣ.
  • Ҷуз ҳақ маяндеш, агар толибӣ.
  • Шаб бедор бош, то бӯи муҳаббат ёбӣ.
  • Шукри ҳақ ба ҷой ор, агар неъмати дин ва дунё хоҳӣ.
  • Эй азиз, зинҳор ба ғайри ҳақ эътимод накунӣ, то пушаймон нашавӣ. 
  • Як кор пеш гир, то тамом шавад.
  • Як ҳиммат кун, то ҷамъият ёбӣ.