АМИТ "Ховар" 55%-и оилаҳои этиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон аз шумораи умумии оилаҳои этиёҷманд 55% бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иброз намуд.
Дар нишаст инчунин зикр гардид, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009-2019 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30492,47 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ 22917,04 гектар ба 224625 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда шуданд.
Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар миқёси ҷумҳурӣ идома ёфт.
Кумитаи давлатӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он боз ҳам пурзўр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 6697 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд. Нисбат ба 6156 ҳолатҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2 940 763 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд.