Wn/tg/200 тоҷикистонӣ дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд

< Wn | tg
Wn > tg > 200 тоҷикистонӣ дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд

Наздики 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - муҳоҷирону занон ва кӯдакон, ки байнашон маъюбони аробадор низ ҳастанд, бар асари коронавирус дар сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон дар вилояти Туркистони Қазоқистон дармондаанд. Онҳо болои картон хобида, пули аксарияташон тамом шудааст. Ин ҷо фавтидагон ҳам ҳастанд, ки ҷасадашон дар офтоб месӯзад. Чунин гузориш додааст дар бораи ҳаёти шаҳраки муҳоҷирони тоҷик дар сарҳади Қазоқистон шабакаи телевизионии «Astanatv». Шарҳи ВКХ Тоҷикистон Дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” маълумоти беш аз 2 моҳ дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондани шаҳрвандони Тоҷикистонро рад карданд. “То 17 май он ҷо ҳудуди 35 шаҳрвандони мо ҳузур доштанд, ки бо ҷойҳои корӣ ва макони зист таъмин буданд. Онҳо ҳеҷ мушкилие надоштанд. Баъди 17 май касе овоза паҳн кардааст, ки сарҳадҳо боз шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргашта метавонанд. Пас аз ин одамон ба сарҳад омада, айни замон беш аз 200 нафар шаҳрвандони мо дар он ҷо мебошанд. Рӯзҳои наздик онҳо ба ватан баргардонида мешаванд”, - хабар доданд дар ВКХ ҷумҳурӣ. Инчунин зикр шуд, ки ҷасади тоҷикистонии фавтида рӯзи 12 май ба ин ҷо оварда шуда, рӯзи дигар ба хок супурда шудааст. Хаймаҳо аз бастаи партовҳо Як ҳафта пеш ҷасади коргари тоҷикро аз Русия ба ин ҷо оварда, лекин гузаронидани онро сарҳадбонон иҷоза надодаанд. “Ба ростӣ он бӯй мекард. Зеро ҷасад, агар шахс даргузарад, бӯй мекунад. Дар Жетисой бачаҳои мо онро ба хок супурданд”, - мегӯяд Ҳамидов. Ба шаҳрвандони мо ихтиёриён кумак мекунанд. Онҳо ба ин ҷо маҳсулоту сарулибос меоранд. Лекин баъзан ҳамин ҳам намерасад. Онҳо мегӯянд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумат кумак пурсидаанд. Пас аз ин намояндагони сафорат дар Қазоқистон омада, лекин чизеро ҳал карда натавонистаанд, шикоят мекунанд шаҳрвандон. “Охир мо бо номи Тоҷикистон давлат дорем” “Касе бояд ба мо кумак кунад. Охир мо бо номи Тоҷикистон давлат дорем. Чӣ, акнун мо ин мемонем?! Назди пайвандонамон баргаштан мехоҳем. Намояндагони мо ҳамеша як гап мегӯянд: “Интизор шавед”. Ин аллакай ба диламон задааст”, - мегӯяд Бегалӣ Ҳалқаров. Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар суҳбат бо шабакаи телевизионӣ хабар додааст, ки баъди чанд рӯз шаҳрвандонро ба ватан бармегардонанд. Айни замон дипломатҳо кӯшиш карда истодаанд, ки аз Ӯзбекистон барои гузаштани сарҳад иҷоза гиранд.