Як ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" 188 шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистонро аз маркази Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард. Парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ шоми 29-уми май сурат гирифт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, теъдоди дигаре аз шаҳрвандони дармондаро ҳавопаймои ширкати Fly Dubai рӯзи 31-уми май меорад. Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд. Ҳукумати Тоҷикистон ду ҳафта пеш ба иҷрои нақшаи марҳила ба марҳила овардани онҳо аз хориҷа оғоз кард. То ин дам даҳҳо нафарро аз Русияву Ҳиндустон ва Туркия баргардонданд.