АМИТ "Ховар" ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, панҷшанбе, 198-умин рӯзи соли 2020 аст
16 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд суханронӣ намуданд.
10 сол қабл, 16 июли соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рўдакӣ ва Ҳисор дидан карда, бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд дар ҳалли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.
16 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Уругвай – Рӯзи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.
Дар Украина — Рӯзи муҳосибон.
РӮЙДОДҲО:
16 июли соли 2018 масъалаҳои мубрами равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
170 сол муқаддам, 16 июли соли 1850 дар Франсия озодии матбуот маҳдуд карда шуд.
16 июли соли 1918 дар Конгресси ИМА оид ба идора кардани воситаҳои телекомуникатсионӣ қарор қабул карда шуд.
Дар ин рӯзи соли 1999 арзиши саҳмияҳои ширкати «Майкрософт», ки Билл Гейтс муассиси он аст, ба 100 миллиард доллари америкоӣ баробар шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 дар Бағдод аввалин маротиба интихоботи парлумонии Ироқ баргузор гардид.