Wn/tg/ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Роҳравҳои маркази шаҳри Турсунзода таъмиру чароғон мегарданд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Роҳравҳои маркази шаҳри Турсунзода таъмиру чароғон мегарданд

АМИТ "Ховар" ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Роҳравҳои маркази шаҳри Турсунзода таъмиру чароғон мегарданд

ТУРСУНЗОДА, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагиву ободонӣ   босуръат идома доранд.Аз ҷумла, роҳравҳои атрофи шаҳр ба куллӣ таъмир гардида, бо тахтасанг рӯпӯш карда мешаванд. Инчунин тибқи нақша масофаи умумии роҳравҳои шаҳр, ки  беш аз 6 км-ро дар бар гирифта, кӯчаҳои маркази шаҳрро ба ҳам пайваст мекунад, пурра чароғон мегарданд.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, айни замон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ ва бо  дастгирии соҳибкорони  маҳаллӣ дар маркази шаҳр  ба таъмири  пурраи  роҳравҳои шаҳр оғоз намуд.

Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар роҳи пиёдагарди   кӯчаи 15-солагии Истиқлолият оғоз гардида, баъд аз тахту ҳамвор намудани он ва таъмири ҷӯйборҳо беш аз 100 м2-и шафати роҳи нақлиётгард бо тахтасанг пӯшонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 310 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.