Wn/tg/Ҳомиёни ҳуқуқ аз Туркманистон хостанд, сарояндаи ҳамҷинсгароро озод кунад

< Wn | tg
Wn > tg > Ҳомиёни ҳуқуқ аз Туркманистон хостанд, сарояндаи ҳамҷинсгароро озод кунад

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч (HRW) мақомоти Туркманистонро ба озод кардани сарояндаи маъруф ва шариконаш даъват кард, ки ба гуфтаи созмон, ба хотири ҳамҷинсгароӣ зиндонӣ шудаанд. HRW мегӯяд, додгоҳи Туркманистон 7 май ҳунармандро ба бачабозӣ айбдор ва ду сол аз озодӣ маҳрум кардааст.


Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки сароянда ва муҷрии машҳури туркман Г.С. миёнаҳои моҳи марти соли равон дар шаҳри Ишқобод ҳамроҳи ҳудуди даҳ нафари дигар, аз ҷумла "дӯстписараш" бо айби ҳамҷинсгароӣ дастгир шудааст. Бархе аз боздоштшудаҳо дертар озод шуда, тафтишот нисбати боқимондаҳо, аз ҷумла Г. С. идома дошт.


Дар миёни боздоштшудаҳо дар авввал афроди машҳур дар шоу-бизнес ва мӯди Туркманистон низ будааст. Вале ба далели ахлоқӣ аз зикри номи онҳо, ки дасти кам се нафарашон маълуманд, худдорӣ мешавад.


Дар Туркманистон барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.


Манбаъ: Радиои Озодӣ