Wn/tg/Ҳамроҳонаш мегӯянд, зарфи оби Навалний олуда будааст

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Ҳамроҳонаш мегӯянд, зарфи оби Навалний олуда будааст

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Ҳамроҳонаш мегӯянд, зарфи оби Навалний олуда будааст

Шарикони Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия мегӯянд, олудагиҳои заҳри фалаҷкунандаи асабро дар яке аз зарфҳои оби ӯ дар утоқаш дар шаҳри Томск пайдо кардаанд.


Навалнийи 44-сола дар дохили ҳавопаймое, ки аз Томск ба Маскав парвоз мекард, бемор шуд ва ӯро ба шифохонаи шаҳри Омск оварданд. Алексей Навалнийро сипас барои муолиҷа ба бемористони Харите дар Олмон бурданд ва ба гуфтаи табибон, ташхис нишон додааст, ки ӯ бе ягон шакку шубҳа аз заҳри қотил аз гуруҳи “Новичок” заҳролуд шудааст.


Моддаи кимиёвии мазкурро дар аҳди шӯравӣ офаридаанд. Рӯзи 17-уми сентябр дар як блоге дар саҳифаи Навалний дар Инстаграм навиштанд, ки ҳамроҳони ӯ дар замони беморӣ дар меҳмонхонаи Томск будаанд ва зуд ба утоқаш рафта, ҳамаи ашёҳои шубҳабарангезро гирифтаанд.


Онҳо дар онҷо як зарфи оби «Чашмаи муқаддас”- ро ёфтаанд. Вебсайти “Проект” рӯзи 17-уми сентябр навишт, ки зарфи обро Мария Певчих яке аз ҳамроҳони Навалний бо худ барои ташхис ба Берлин бурдааст.