Кормандони милитсия 7-уми май ду шаҳрвандро ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона боздошт карданд. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сокини 17-солаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модарандараш, зани 31-сола ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба пушташ задааст, ки аз ҷароҳати вазнини бардошта зан дар беморхона фавтидааст.