Wn/tg/Қотили 77 нафар мехоҳад, ӯро афв кунанд

< Wn | tg
Wn > tg > Қотили 77 нафар мехоҳад, ӯро афв кунанд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Қотили 77 нафар мехоҳад, ӯро афв кунанд

Андерс Беринг Брейвик, як ростгарои ифротӣ, ки 77 нафар ва аксаран наврасонро дар Норвегия кушт, хостааст, ки ӯро афв кунанд. Вакили дифоаш Ойстен Сторвик рӯзи 16-уми сентябр гуфт, Брейвик ҳамчунин мехоҳад, ҳукумати Норвегияро барои “номуносиб” будан шароити зиндон ба додгоҳ кашад, чун ӯро аз тамоми зиндониён ҷудо нигаҳ медоранд.


Андерс Брейвик моҳи июли соли 2011 бо бомбгузорӣ дар назди як қароргоҳи ҳукумат 8 нафарро дар шаҳри Осло кушт ва сипас дар либоси афсари пулис ба як урдӯгоҳи наврасони Ҳизби коргарӣ дар ҷазираи Утоя рафт ва 69 нафарро бо зарби тири туфанг кушт.


Ӯро моҳи августи соли 2012 ба 21 соли зиндон ва сахттарин ҷазо дар Норвегия дар он замон маҳкум карданд, вале ҳукми ӯро метавонанд дарозтар кунанд. Ойстен Сторвик ба рӯзномаи “Верденс Ганг” гуфтааст, ки Брейвик баъди хатми 10 соли ҳукмаш ҳақ дорад барои афв муроҷиат кунад.


Ӯ афзудааст: ”Ин ҳаққи тамоми зиндониён аст ва ӯ метавонад, аз ин ҳаққи худ истифода барад.” Вакили дифоаш гуфтааст, Брейвик, ки номашро ба Фйтолоф Ҳансен иваз кард, мехоҳад, ҳукуматро барои муддати тӯлонӣ дар инзиво нигаҳ доштанаш ба додгоҳ бикашад.