Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Қибрис ба таҳримҳои ИА дар нисбати Беларус мухолифат кард
Вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи рӯзи 21-уми сентябр дар Брюссел натавонистанд сари масъалаи таҳрими Беларус ба иттифоқи назар даст ёбанд. Қибрис ба таҳрими алайҳи Беларус мухолифат нишон дод ва талаб кард, ки ИА инчунин алайҳи Туркия иқдом кунад. Қибрис бо Анкара сари масъалаи марбут ба истихроҷи газ дар шарқи баҳри Миёназамин ихтилофи назар дорад. Масдуд шудани овоздиҳӣ танҳо аз роҳи ветои як кишвари узвро як заъфи низоми дипломатии ИА меноманд. Ин мавзӯъ ҳамакнун дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИА дар таърихи 24-25-уми сентябр баррасӣ мешавад. Жозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии ИА ба хабарнигорон гуфт, ки агар ИА дар ҷорӣ кардани таҳримҳо ноком шавад, пас “эътибори мо” зери суол меравад. Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская, ки қабл аз ин овоздиҳиҳо бо вазирони хориҷаи ИА дар Брюссел дидору гуфтугӯ кард, аз дипломатҳои аврупоӣ хост, ки “ҷасорати бештар нишон диҳанд”. Ба андешаи Тихановская, таҳримҳо усули калидии ба муколама водор кардани мақомоти Беларус мебошад. Ӯ гуфт:
“Иҷоза бидиҳед, бори дигар таъкид бикунам: таҳаввулоти Беларус инқилоби геополитикӣ нест. Он на бар зидди Русия ва на ба тарафдории он аст, он на ба ҷонибдории аврупоиҳо ва на муқобили Иттиҳоди Аврупо аст. Ин як инқилоби беларусӣ аст. Ин инқилоби демократӣ аст. Эътирози мо сирф сулҳомез ва бехушунат аст. Мо ба ҷаҳониён нишон додем, ки чӣ гуна мешавад барои озодиву демократия мубориза бурд”.
Ӯ гуфт, ки мардуми Беларус ҳеҷ гоҳ натиҷаҳои интихоботи ба гуфтааш сохтакоришударо таҳаммул намекунад.