Дерек Чаувин, маъмури пулис дар аёлати Миннесота, ба қатли як марди сиёҳпӯсти амрикоӣ муттаҳам шудааст.
Мақомот рӯзи 29-уми май гуфтанд, ки Чаувин аввал Ҷорҷ Флойдро боздошт кардаву дасташро бастааст ва сипас ба замин хобонда, зонуяшро ба гулӯи дувумӣ гузоштааст.
Шахсе, ки аз наздикии маҳалли ҳодиса мегузашт, ин саҳнаро сабт карда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт. Дар видео марди 46-сола батакрор аз пулис мехоҳад, то пойи худро аз гулӯи ӯ бигирад, вале пулис тавваҷуҳ намекунад. Мард дертар дар шифохона ҷон додааст.
Пас аз ин ҳодиса мардум эътироз карда, хоҳони тантанаи адолат шуданд. Волии аёлати Миннесота гуфт, “ин ҳафтаи душвор буд. Мардуми мо, бахусус ҷомеаи сиёҳпӯстони мо, чунин садама диданд, ки дар ҳарф ғунҷоиш надорад.”
Пулиси муттаҳам ва се ҳамкорашро аз вазифа сабукдӯш кардаанд. Мақомот мегӯянд, қазияро таҳқиқ доранд.