Эмомалӣ Раҳмон ба Трамп “шифои комилу оҷил" хост
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як барқия рӯзи 3-уми октябр ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамсари ӯ “шифои комилу оҷил” хостааст.
Рӯзи 2-уми октябр Доналд Трамп, президенти ИМА эълон кард, ки бо ҳамсараш Мелания Трамп ба коронавирус сироят ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ин хабар онҳоро нигарон кард.
Трамп дар як паёмаш дар "Твиттер" хабар дод, ки бо ҳамроҳи ҳамсараш карантинро фавран оғоз мекунанд ва "мо бо ҳам бар ин беморӣ ғолиб хоҳем шуд".
Дар ҳоле Трамп ба карантин хоҳад рафт, ки то интихоботи президентии Амрико тақрибан як моҳи дигар мондааст. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.
Шумораи гирифторони коронавирус дар Амрико ба беш аз 7 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст. Дар ин кишвар беш аз 200 ҳазор нафар аз коронавирус фавтида, наздики 3 миллион нафар шифо ёфтааст.