Wn/tg/Шахсони хабарнигор Абдулло Ғурбатиро латукӯбкарда дарёфт ва ҷарима шуданд

< Wn | tg
Wn > tg > Шахсони хабарнигор Абдулло Ғурбатиро латукӯбкарда дарёфт ва ҷарима шуданд

Суди ноҳияи Хуросон рӯзи 2 июн дар бораи ҷазои се нафар сокинони ҷамоати Айнӣ, ки рӯзи 29 май хабарнигори “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатиро лат кӯб карданд, қарор содир намуд. “Пеш аз оғози мурофиа ҷараёни шинохтани ҳамлагарон доир гардида, Абдулло тасдиқ кард, ки онҳо ӯро лату кӯб карданд. Онҳо сокинони ноҳияи Хуросон Суҳроб Бобоев, Абдулмаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов мебошанд”, - хабар дод адвокати рӯзноманигор Абдураҳмон Шарипов. Дар ҳамин ҳол, қайд мебояд кард, ки ҳар сеи ин нафарон ба осебдидагон аз офати табиӣ ва хаймаҳо ҳеҷ муносибате надошта, сокинони деҳаи ҳамсояанд. Ба гуфтаи Шарипов, мувофиқи қарори суд, се нафар ҳамлагарон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме ба маблағи 10 нишондиҳандаи ҳисоб (580 сомонӣ) ҷарима шуданд. “Ҳамлагарон амалҳои худро чунин шарҳ доданд, ки гӯё чанде пеш як рӯзноманигор бе иҷоза занеро дар видео наворбардорӣ карда, пас аз ин шавҳараш қарор кардааст, ки аз ӯ ҷудо мешавад. Онҳо Абдуллоро бо штатив ва дастгоҳи аксбардорӣ дида, гуфтаанд, ки сокинони хаймаҳоро аксу наворбардорӣ накунад. Байни онҳо муноқиша сар зада, яке аз онҳо Ғурбатиро мезанад”, - нақл кард адвокат. Ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ суд қарори содиркардаашро чунин шарҳ додааст, ки амали ҳамлагарон барои дигар шахсони гирду атроф хатарнок набуданд. “Ҳамлагарон бори аввал ба қонуншиканӣ даст зада, ғайр аз ин, вақти муноқиша сар задан рӯзноманигор ба онҳо шаҳодатномаи хабарнигор буданашро нишон надодааст ва ба фаъолияти касбӣ машғул набудааст”, - овард Шарипов гуфтаҳои судяро. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ айбдориашро ба ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил, дахолат ба ҳаёти шахсӣ  ва “дар аҳолӣ бедор кардани ҳисси норозигӣ” қатъиян рад кард.