Wn/tg/Шарафҷон Солеҳов "Файзканд" –ро аз бохт наҷот дод

< Wn | tg
Wn > tg > Шарафҷон Солеҳов "Файзканд" –ро аз бохт наҷот дод

Дар даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои "Файзканд"-и ноҳия Восеъ ва "Душанбе 83"-и пойтах байни ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 16-уми нерӯсанҷӣ футболбози дастаи "Душанбе 83" – Люк Менҷана Леонел боз намуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба охир расид ва дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 72-юм футболбозони дастаи меҳмон қоидаи бозиро дар ҷаримагоҳи худ вайрон намуданд ва довар ҷониби дарвозаи онҳо пеналтӣ таъйин кард. Аз ин вазъият футболбози дастаи "Файзканд" – Шарафҷон Солеҳов самаранок истифода бурда тӯбро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон намуд ва ҳисоби бозиро 1:1 мусовӣ намуд. Рақобати дастаҳо бо ҳамин натиҷа хотима ёфт ва ҳарду бошгҳҳо соҳиби як имтиёзи гардиданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум  

  «Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:1  

  Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 16 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – пеналти (1:1).