Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 дар беморхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода иброз намуд, ки корҳои безараргардонӣ тибқи дастури Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегарданд. «Корҳои поксозиро, новобаста аз он ки дар дорухонаҳо тамоми тадбирҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи ширкатҳои фармасевтӣ, дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ ба анҷом расонида истодаанд. Зеро ба дорухонаҳо афроди бемор бештар меоянд, ки онҳо осебпазиранд», – гуфт Маҳмадҷон Абдулқодирзода. Бояд гуфт, ки то 27 май корҳои безараргардонӣ дар дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав пурра ба анҷом расонида шуданд. Холо ин гуна корҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд. Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»