Wn/tg/Фазонаварди амрикоӣ ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ мепайвандад

< Wn | tg
Wn > tg > Фазонаварди амрикоӣ ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ мепайвандад

Радиои Озодӣ Интизор меравад, имрӯз як фазонаварди хусусӣ, ки ду кайҳоннаварди амрикоиро, ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ бурд, 31-уми май ба ин истгоҳ насб шавад. Доф Ҳарли ва Боб Бенкен то чанд соати дигар ба истгоҳе, ки 400 километр дуртар аз курраи Замин давр мезанад, ворид мешаванд ва чаҳор моҳ онҷо мемонанд. Кайҳоннавардони амрикоӣ, ки аз Маркази Кайҳоннавардии Кеннедӣ дар аёлати Флорида рӯзи 30-уми май парвоз карданд, ба ду кайҳоннаварди рус ва як амрикоӣ мепайванданд. Бори аввал аст, ки тақрибан 10 соли ахир фазонаварди Амрико ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ парвоз мекунад. То ҳол кайҳоннавардони амрикоиро, фазонавардҳои Русия ба истгоҳи байналмилалӣ мебурданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ки шоҳиди партоби фазонавард буд, гуфт, ки ин кор мояи ифтихори амрикоиҳо шуд ва изҳори умедворӣ кард, ки парвози фазонавард рӯҳияи амрикоиро дар ин замони душвор пандемияи коронавирус ва нооромиҳои ахир боло мебарад.