Wn/tg/Тоқаев такрори эҳтимоли сенарияи Қримро дар Қазоқистон рад кард

< Wn | tg
Wn > tg > Тоқаев такрори эҳтимоли сенарияи Қримро дар Қазоқистон рад кард

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар остонаи сафараш ба шаҳри Маскав, ки қарор аст 24-уми июн баргузор шавад, дар суҳбат бо расонаҳои Русия эҳтимоли сурат гирифтани "сенарияи Қрим" ё "сенарияи Донбасс"-ро дар кишвараш рад кард.


"Ин гуна пешбиниҳо асоси воқеӣ нахоҳанд дошт. Ба эҳтимоли зиёд, ҳадаф аз онҳо ноором кардани вазъ дар Қазоқистон ва ба ҳам задани ҳусни ҳамҷавориву робитаҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар аст. Пешбиниҳои ҳамсонро танҳо одамони бесавод, бадбин ва онҳое ироа мекунанд, ки бо оҳанги дигарон месароянд", - изҳор дошт Тоқаев рӯзи 2-юми июн дар суҳбат бо нашрияи "Комсомолская правда".


Ӯ гуфт, Нурсултон ба Давлати муттаҳидаи Русия ва Беларус, ки ҳоло Маскав тақвияти онро аз Минск талаб дорад, нахоҳад пайваст ва самти беҳтар барои Қазоқистон рушди минбаъдаи ҳамгироӣ дар доираи иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.


Президенти Қазоқистон афзуд, нақшаи лотинисозии алифбои қазоқиро бе "тезондани сунъӣ" иҷро карда, русҳо дар ин кишвар аз "тамоми ҳуқуқ" бархӯрдор ҳастанд.


Ҳамчунин илова кард, ки масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Қазоқистон баррасӣ нахоҳад шуд.