Wn/tg/Тихановская хостори ба Беларус ирсол шудани ҳайати байналмилалӣ шуд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Тихановская хостори ба Беларус ирсол шудани ҳайати байналмилалӣ шуд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ

Тихановская хостори ба Беларус ирсол шудани ҳайати байналмилалӣ шуд

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская аз Минск тақозо кард, ки ба кишвар як ҳайати байналмилалиро роҳ бидиҳад, то ҷиноятҳои эҳтимолии президент Александр Лукашенко ва ҳукумати ӯро, ки барои саркӯби эътирозгарон танқид мешавад, таҳқиқ бикунад. СММ аз бунёди “девори дигари оҳанӣ” дар Аврупо ҳушдор додааст.


Тихановская рӯзи 18-уми сентябр зимни суханрониаш дар ҷаласаи изтирории Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева аз Литва тавассути хати онлайнии видеоӣ пайваст шуд. Ӯ ба хатми хушунат нисбати эътирозгарон ва даъвати интихоботи нави озоду одилона даъват кард. Ӯ  бори дигар  аз ҳукумат хост, ки ба муколама биёяд, то, ба гуфтааш, бӯҳрони баамаломада аз роҳи сулҳомез ҳалли худро пайдо кунад.


Ин ҷаласа як рӯз баъди он баргузор шуд, ки дар Парлумони Аврупо бо раъйи оро қатъномае қабул шуд, ки Лукашенкоро ба ҳайси президенти Беларус эътироф намекунад. Мӯҳлати кунунии раҳбарии ӯ моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Қатъномаи Парлумони Аврупо натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми августро ҳам эътироф намекунад, чун онро мухолифон ва ғарб тақаллубшуда номиданд.  Ҳатто баъди шаш ҳафта эътирозҳои садҳо ҳазор сокини Беларус аз натиҷаҳои интихобот ва бо талаби истеъфои Лукашенко ӯ ба муколама бо онҳо розӣ нашуд ва бо ёрии нирӯҳои қудратӣ ба саркӯбу ҳабсу шиканҷаи эътирозгарон даст зад.