Wn/tg/Тими Навалний ошкор шудани оби заҳролудро шарҳ дод

< Wn | tg
Wn > tg > Тими Навалний ошкор шудани оби заҳролудро шарҳ дод

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ

Тими Навалний ошкор шудани оби заҳролудро шарҳ дод

Муттафиқони Алексей Навалний рӯзи 17-уми сентябр гуфтанд, ки нишонаҳои заҳре, ки бо он сиёсатмадори мухолифи Кремлин заҳролуд шудааст, дар дохили як шишаи обе дар утоқи як меҳмонхонаи Сибир  ошкор шуд. Парлумони Аврупо дар паи ин ҳодиса ба ҷорӣ кардани таҳрими бештар нисбати Русия даъват карда ҳукумати ин кишварро дар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳгор намуд. Дар як блоги Навалний дар Инстаграм рӯзи 17-уми сентябр гуфта шудааст, ки вақте бемор шудани ӯ расонаӣ шуд, ҳамкоронаш ҳанӯз дар дохили меҳмонхонаи “Xander”-и шаҳри Томск буданд. Онҳо ҳамон замон ба утоқе, ки он ҷо Навалний истода буд, рафтанд ва ҳама гуна ашёи шубҳаомез, аз ҷумла як шишаи бозшудаи оби минералиро бо номи “Святой источник” (“Чашмаи муқаддас”) бо худ бурданд. Вебсайти “Проект” бо такя ба як муттафиқи Навалний навишт, ки шишаи мазкур  аз ҷониби Мария Певчих, як узви тими сиёсатмадори заҳролудшуда ба Берлин бурда шуд. Певчих як сокини Бритониё мебошад. Дар ҳамин ҳол дар Брюссел Парлумони Аврупо дар робита бо қазияи Навалний ба ҷорӣ кардани таҳримҳои шадиди Русия даъват карда гуфт, ки Кремлин бо ҳадафи бастани даҳони Навалний талош кард ӯро бикушад. Аъзои парлумон гуфтанд, ки қазияи Навалний як бахше аз “талошҳои доимии” ҳукумати президент Владимир Путин барои саркӯби мухолифон мебошад. Дар ҳамин ҳол рӯзи 17-уми сентябр як муфаттиш аз Томск ба Маскав рафта аз дафтари Навалний дидан кардааст.