Wn/tg/Тарҳи нави USAID ба хотири таъмини амнияти ғизо дар Тоҷикистон

< Wn | tg
Wn > tg > Тарҳи нави USAID ба хотири таъмини амнияти ғизо дар Тоҷикистон

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ

Тарҳи нави USAID ба хотири таъмини амнияти ғизо дар Тоҷикистон

Оҷонсии ИМА оид ба рушд  гуфт,  барномаи нави панҷсолаи худ “оид ба амнияти озуқаворӣ бо маблағи 36 миллион доллари амрикоӣ"-ро дар чаҳорчӯби ташаббуси ҳукумати ИМА бо номи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” роҳандозӣ мекунад. Ҳадафи ин барнома мубориза бо фақру гуруснагӣ ва кӯмак дар таъмини ғизо дар Тоҷикистон аст. Фаъолияти ин тарҳ аз таҳияи низоми “самараноки кишоварзӣ” иборат мешавад, ки “истеҳсол ва истеъмоли ғизоро беҳтар месозанд, институтҳои маҳаллӣ ва шарикони бахши хусусиро тақвият хоҳад бахшид ва муҳити кишоварзиро, алалхусус дар идоракунии замин, беҳтар хоҳад намуд”.  Дар ин бора рӯзи 18-уми сентябр дар як иттилоияи расмии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода шудааст.  Дар хабар омадааст, ки тарҳи пешини Оҷонсии рушди ИМА дар заминаи  амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ба манфиати хоҷагиҳои хурд буд ва 120 ҳазор кишоварз дар Тоҷикистон “даромади худро 194% афзоиш доданд, беш аз 3 миллион доллар даромадро аз фурӯши маҳсулот ба даст оварданд”.

Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ мебошад ва мизони фақру бенавоӣ дар ин кишвар бо ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ тахминан 30 дарсадро ташкил медиҳад.