Wn/tg/Тарафдорони Тихановская дар Минск гирди ҳам омаданд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Тарафдорони Тихановская дар Минск гирди ҳам омаданд

Тарафдорони Тихановская дар Минск гирди ҳам омаданд

Ҳазорон нафар аз тарафдорони Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус рӯзи 6-уми август дар як боғи Минск ҷамъ омада ва ҳимояташонро аз ӯ иброз доштанд. Светлана Тихановская маҷбур шуд, ки маъракаи тарғиботиашро дар Минск лағв кунад, чун мақомот гуфтанд, ки дар маҳалли ҳамоиш чорабиниҳои давлатӣ баргузор мешавад.

Баъди лағв шудани ҳамоишҳои интихоботиашон дар Боғи дӯстии халқҳо ва Боғи Киев, Светала Тихановская ҳамроҳ бо шариконаш Мария Калесникая, Вероника Сапкала гуфтанд, ки ҳамчун як “шаҳрванди оддӣ” дар маъракаҳои шитобкорона эълонкардаи ҳукумат дар Боғи Киев ширкат мекунанд.
Тихановскаяро дар ин чорабинӣ надидааанд, вале Калесникаяро маъмурони пулис ба боғ роҳ надоданд. Калесниская баъдан гуфт, ки дертар бо Тихановская ва Сапкала ба инҷо омаданд, вале ба гуфтаи у маъмурони пулис онҳоро ба боғ роҳ надодаанд.

Манбаъ edit

Тарафдорони Тихановская дар Минск гирди ҳам омаданд Радиои Озодӣ