Wn/tg/СҶТ гуфт, аз афзоиши бемории "илтиҳоби шуш" дар Туркманистон "нигарон" аст

< Wn‎ | tg
Wn > tg > СҶТ гуфт, аз афзоиши бемории "илтиҳоби шуш" дар Туркманистон "нигарон" аст

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ СҶТ гуфт, аз афзоиши бемории "илтиҳоби шуш" дар Туркманистон "нигарон" аст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, аз афзоиши шумори беморони илтиҳоби шуш дар Туркманистон "нигарон" аст. Раҳбари ҳайати СҶТ Кэтрин Смолвуд дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ишқобод ба ҳукумати Туркманистон андешидани чораҳоеро тавсия дод, ки "дар сурати мавҷуд будани коронавирус" зарур ҳастанд. Ин нишаст дар поёни сафари даҳрӯзаи ҳайати СҶТ ба Туркманистон баргузор гашт. ​Смолвуд маҳдудиятҳои ахир дар Туркманистонро ҳамчун як қисми талошҳо барои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус мусбат арзёбӣ карда, афзуд, ки "тими ӯ аз шунидани хабари афзоиши илтиҳоби шуш дар Туркманистон сахт нигарон аст". "Тавсия медиҳем, ки кори низоми назорати эпидемиологӣ ва санҷиши вирус ба монанди кишварҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои мубталошавӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст, фаъол гардонида шавад", - изҳор дошт ӯ. Мақомоти Туркманистон иддао доранд, ки то ҳол дар он кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, беморхонаҳои ин кишвар "лабрез" аз беморони дорои нишонаҳои илтиҳоби шуш буда, баъзе аз онҳо, бо шумули табибон ҷон бохтаанд.