Wn/tg/Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад

АМИТ "Ховар" Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Барои сохтани иншооти мазкур на кам аз се сол  муҳлат лозим аст, зеро биноҳои мазкур муҳташам буда, масоҳати онҳо аз 42 то 44 ҳазор м2-ро ташкил медиҳанд, — чунин посух дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф иброз намуд, ки Лоиҳаи кории бинои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертизаи давлатӣ гузашта, хулосаи мусбии он ба ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Пудратчии генералии сохтмони «Бинои нави Парламенти Тоҷикистон» Корпоратсияи «Yanjian» ва пудратчии генералии сохтмони «Бинои маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корпоратсияи «JiangSu JiangDu construction group.co.itd» тариқи озмун интихоб карда шудаанд.

Мутахассисони ташкилотҳои мазкур бояд ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар мешуданд, лекин бинобар сабаби хуруҷи бемории коронавирус сафари онҳо ба таъхир  афтод.

Ба иттилои Ҷамшед Аҳмадзода, дар бунёди  биноҳои мазкур зиёда аз 80 фоизи сохтмончиёнро кормандони маҳаллӣ  ташкил медиҳанд.