Wn/tg/Сироҷиддин Муҳриддин дар якумин нишасти видеоконфронсии вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат намуд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Сироҷиддин Муҳриддин дар якумин нишасти видеоконфронсии вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат намуд

АМИТ "Ховар" Сироҷиддин Муҳриддин дар якумин нишасти видеоконфронсии вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат намуд

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин якумин нишасти вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  зикр  кард, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи нави «Чин – Осиёи Марказӣ» ва абзорҳои дигар муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши намоён  мегузорад.

Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бар асари шуюи ҳамагирии COVID-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд.  Зикр гардид, ки ҳамагирии COVID-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат, ӯ аз давлатҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд.

https://web.archive.org/web/20200717174214/https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Central-Asia-China-16-05-2020-2.jpg Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ  ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории ҳамагир меандешад. Дар ин замина, ӯ барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.

С. Муҳриддин роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории минтақавӣ таъкид намуд, ки бояд татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикаву саноат ва кишоварзӣ сурат гирифта, иқтидори содирот афзун гардад ва интиқоли бетаваққуфи бор таъмин шавад.

Мавсуф  гуфт, ки ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳаммияти хоса дорад. Ин ҳамкориҳо омили калидӣ ҷиҳати таъмини амният дар минтақа маҳсуб ёфта, соири кишварҳо бояд барои барқарорсозии соҳаи иҷтимою иқтисодии ин кишвар таваҷҷуҳи бештар заҳир намоянд. АКСҲО аз ВКХ ҶТ