Wn/tg/Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлуд Човушоғлу ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд

< Wn | tg
Wn > tg > Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлуд Човушоғлу ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд

28 май гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни суҳбат инчунин ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»