Wn/tg/Сафорати Тоҷикистон дар Русия: ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунед

< Wn | tg
Wn > tg > Сафорати Тоҷикистон дар Русия: ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунед

Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд. 09:59 1 июн Бозгашти боқимонда тоҷикистониён ба ватан аз марказҳои нигоҳдории муваққатии Русия “Бинобар ин, аз ҳамаи шумо бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ (автобус, таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар) худдорӣ намоед”, - дархост мешавад дар маълумоти сафорат. Сафорат хотиррасон мекунад, ки сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи дар натиҷаи сирояти коронавирус ба вуҷуд омада, ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиётӣ, манъ аст. “Дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии сафорат Россия хабардор карда мешавед”, - гуфта мешавад дар хабар.