Wn/tg/Сарвазири Арманистон ба COVID-19 гирифтор шуд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Сарвазири Арманистон ба COVID-19 гирифтор шуд

Сарвазири Арманистон ба коронавирус мубтало шуд https://www.ozodi.org/a/30646015.html

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора вай дар саҳифаи "Фейсбук" хабар дод.


Пашинян гуфт, ки аъзои хонаводааш ҳам ба ин вирус мубтало шудаанд. Айни ҳол бемории вай бидуни ҳарорат пушти сар мешавад, аммо Пашинян фаъолияташро фосилавӣ идома хоҳад дод.


Дар Арманистон 9 282 ҳолати мубталоӣ ба коронавирус ва 131 ҳолати марг аз КОВИД-19 сабт шудааст.


Сар аз 16 март дар Арманистон ҳолати фавқулода эълом шудааст, ахиран ин ҳолатро то 13 июн тамдид карданд. 18 май дар кишвар нақлиёти ҷамъиятӣ ба гардиш даромада, аммо мусофирон вазифадоранд, ки дастпӯш ва ниқоб пӯшанд. Марказҳои тиҷорӣ ҳам боз шуданд, вале нуқтаҳои ғизои умумӣ ҳамоно баста боқӣ мондаанд.