Wn/tg/Раисҷумҳури Амрико Борис Ҷонсонро табрик гуфт

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Раисҷумҳури Амрико Борис Ҷонсонро табрик гуфт

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар як тамоси телефонӣ Борис Ҷонсонро барои интихоб шудан ба мақоми нахуствазири Бритониё табрик гуфтааст. Ҳарду раҳбар ҳамчунин дар бораи боздошти киштии бритониёӣ аз тарафи Эрон сӯҳбат кардаанд. Дар ин бора худи Доналд Трамп рӯзи 26-уми июл дар Кохи Сафед хабар дод ва ба хабарнигорон гуфт: “Ман ӯро табрик гуфтам ва ӯ барои кор омода аст.”

Дар баёнияи Бритониё омадааст, ки раҳбарони Амрикову Бритониё танишҳо бо Эронро баррасӣ карда ва гуфтаанд, ки зарур аст, ду тараф дар ин замина ҳамкорӣ кунанд. Баъди боздошти нафткаши Эрон дар Гибралтар ва боздошти нафткаши бритониёӣ дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз таниш байни ду тараф авҷ гирифт.

Нерӯҳои Бритониё, нафткаши эронро рӯзи 4-уми июл ва нерӯҳои Эрон нафткаши бритониёро рӯзи 19-уми июл дастгир карданд. Бритониё гуфт, нафткаши Эронро барои риоят накардани таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо дастгир кард, Теҳрон гуфт, нафткаши Бритониё барои риоят накардани меъёрҳои байналмилалии баҳрнавардӣ дастгир шуд. Борис Ҷонсон, ки Тереза Мейро дар мақоми нахуствазир иваз кард, мисли Доналд Трамп тарафдори ашаддии ҷудо шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо аст. Ӯ қавл додааст, ки то 31-уми октябр кишварашро бе созиш ва ё бо созиш аз иттиҳодия хориҷ мекунад.