Интизор меравад дар Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон раиси нави ин ниҳод интихоб шавад. Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, муовини раиси ин ниҳод, қарор аст Анҷуман дар даҳҳаи аввали моҳи ноябри имсол баргузор шавад, вале то кунун рӯзи дақиқи баргузории он мушаххас нашудааст.
Ато Мирхоҷа, 18-уми сентябр дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки “яке аз масъалаҳои рӯзномаи Анҷуман интихоби раис аст”. Аммо то кунун маълум нест, ки чӣ касе раиси ин ниҳод хоҳад шуд ва номзадҳои аслӣ киҳоянд. Ҳоло Низом Қосим раиси ин ниҳод аст, ки дар Анҷумани XIV интихоб шуда буд.
Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо шикасти Лоиқ ва пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.