Wn/tg/Равзанаи гузаришҳо барои дастаҳои Лигаи олӣ боз шуд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Равзанаи гузаришҳо барои дастаҳои Лигаи олӣ боз шуд

Равзанаи гузаришҳо барои дастаҳои Лигаи олӣ боз шуд.

15-уми июл, равзанаи гузаришҳои тобистонаи футболбозони Лигаи олӣ оғоз шуд. Лигаи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои Лигаи олиро огаҳ менамояд, ки муҳлати равзанаи гузаришҳо, ки дар доираи он бошгоҳҳо метавонанд бозигарони навро барои иштирок дар марҳилаи дуюми Лигаи олӣ ва Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба қайд гиранд, то соати 17:00 7-уми августи соли ҷорӣ муқаррар шудааст. Пас аз хотимаи ин муҳлат дастаҳо имконияти бақайдгирии бозигарони навро аз даст медиҳанд.

Хотиррасон мешавем, ки марҳилаи дуюми мавсим бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзҳои 1-3 август доир мешаванд, оғоз меёбад.