Ошкор шудани дуздии 3-сар чорвои калони шохдор
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 69-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятӣ Тоҷикистон, деҳаи Наврӯз, муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 14:00 дақиқа, шахсонӣ номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии ҳамон деҳа 3-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 18 500 сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 39-солаи сокини ҳамон ноҳия, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд. Айни замон гумонбаршавандагон дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.