Wn/tg/Ошкор гардидани куштор дар шаҳри Бохтар

< Wn | tg
Wn > tg > Ошкор гардидани куштор дар шаҳри Бохтар

Барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахси дигар мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ карда шудааст. Санаи 16 майи соли 2020 кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар дар рафти бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Турдиев Аскар, сокини кӯчаи Ф. Саидови шаҳри мазкурро бо гумони куштори зани 69-сола, сокини шаҳри Бохтар дастгир намуданд. Зимни тафтишот номбурда дар содир намудани ҷиноят ба пуррагӣ иқрор гашт. Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Бохтар нисбати Турдиев Аскар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Манбаъ

edit

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон