Ҳабибуллоев Зубайдулло Сунатович ҳамчун ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб карда, онро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст. Дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад. Маркази матбуоти Агентӣ.
Манбаъ: Сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ