Wn/tg/Нишонаҳои умедворӣ аз воксинаи нави COVID-19

< Wn | tg
Wn > tg > Нишонаҳои умедворӣ аз воксинаи нави COVID-19

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Нишонаҳои умедворӣ аз воксинаи нави COVID-19

Дар ИМА мавридҳои олудагӣ ба вирус ва марг бар асари COVID-19  ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст. Дар таҳаввулоти ҷудогона як ширкати амрикоӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки охирин даври муолиҷаи озмоишии инсонҳо аз COVID-19-ро ба роҳ мондааст. То ҳол озмоиши воксинаи эҳтимолии зидди бемории ҳамагир натиҷаҳои мусбат додааст. Дар ИМА ҳоло вазъ дар Ҷануб ва Ғарб пуршиддат боқӣ мемонад, чун ҳамарӯза олудагиҳои нав то 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. То ҳол дар Амрико аз ин беморӣ 136 ҳазор нафар даргузаштааст. Ширкати биотехникии Moderna гуфт, ки воксинаи санҷишии зидди COVID-19 амн буда, дар давраи аввали санҷишҳо дар 45 ихтиёрии солим вокуниши хуби масунияти бадан мушоҳида шудааст. Озмоиши воксинаи эҳтимолии ширкати Moderna-ро ҳукумати ИМА пуштибонӣ мекунад. Дар давраи сеюми озмоиши ин дорувор, ки охири моҳи июл шурӯъ мешавад, 30 ҳазор ихтиёрӣ иштирок хоҳанд кард. Айни замон, дар саросари ҷаҳон тахминан бист озмоиши воксинаи эҳтимолии зидди COVID-19 дар марҳилаҳои гуногун идома дорад. Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ИМА “хушбинии мӯҳтотонае” баён кард, ки то охири сол ваё дар оғози соли 2021 ниҳоят ҳадди аққал як воксинаи зидди COVID-19 ихтироъ хоҳад шуд. Вале ҳоло мақомоти беҳдошти ИМА аз сокинони маҳаллӣ тақозо мекунанд, ки дар кӯчаву маконҳои ҷамъиятӣ ҳатман бо ниқоби тиббӣ бигарданд.