Wn/tg/Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол муайян гардид

< Wn‎ | tg

АМИТ "Ховар" Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол муайян гардид

ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/ 15 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо ба таври зерин муайян гардиданд: ба  дасатаҳои футболи  «Равшан»-и Кӯлоб,  бо «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ,  «Истиқлол»-и Душанбе бо  «Моҳир»-и Ёвон, «Барқчӣ»-и  Ҳисор бо  «Локомотив-Помир»-и  Душанбе, «Душанбе-83»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Равшан»-и Зафаробод бо  «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ бо «Хатлон»-и  Бохтар, «Истаравшан»-и Истаравшан бо КМВА-и  Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Куктош»и Рӯдакӣ.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки бозиҳои даври 1/8-финал 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020:

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)

«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)

«Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Куктош» (Рӯдакӣ)