Wn/tg/Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинад

< Wn | tg
Wn > tg > Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба ҷамъомади дувуми дуҳафтаинаи таълимиву тамринии даста, ки то рӯзи 17-уми декабр идома меёбад, шуруъ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба ин ҷамъомад, ки дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё доир гаштааст, 27 бозигар - 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагар - даъват шудааст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола, ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат хоҳад кард.

Чаҳор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон ба қаҳрамонии ҷаҳон-2021, ки дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Қиматшо Муъминшоев («Панҷшер»), Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»);

Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Шерзод Дадабоев, Муҳаммад Буризод, Ҳикматило Исмоилов (ҳама аз «Барқчӣ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.