Wn/tg/Миёни Тоҷикистону Афғонистон кимиссияи ҳамкориҳои амниятӣ эҷод мешавад

< Wn | tg
Wn > tg > Миёни Тоҷикистону Афғонистон кимиссияи ҳамкориҳои амниятӣ эҷод мешавад

Муҳаммад Ҳанифи Атмар сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар идомаи дидорҳояш бо мақомоти Тоҷикистон, бо Дабири Шӯрои амнияти милли Тоҷикистон  Насрулло Маҳмудзода мулоқот кард. Бино ба хабарномаи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар ин дидор, ҷаноби Атмар аз ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар раванди сулҳ ва музокирот бо "Толибон" қадрдонӣ кардааст ва ҳамкории ду кишварро дар мубориза бо терроризм, таъмин амнияти сарҳадот ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муҳим ва асосӣ хондаст.