Wn/tg/Маҳрум шудани рақиби Лукашенко аз ҳақи ширкат дар интихобот боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Маҳрум шудани рақиби Лукашенко аз ҳақи ширкат дар интихобот боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Маҳрум шудани рақиби Лукашенко аз ҳақи ширкат дар интихобот боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд

Дар Беларус баъди он ки рақиби калидии президент Александр Лукашенкоро барои ширкат дар интихобот роҳ надоданд, эътирозҳо барпо шуд. Комиссиюни марказии интихоботи Беларус рӯзи 14 июл гуфт, барои ширкат дар интихоботи рӯзи 9 август панҷ номзад сабтином шудаанд ва дар миёни онҳо  Лукашенкои 65-сола ҳам ҳаст, ки аз соли 1994 дар сари қудрат боқӣ мемонад. Рақиби калидии Лукашенко - бонкдори собиқ Виктор Бабарика дар боздошт мемонад ва комиссиюни интихоботӣ ӯро барои ширкат дар интихобот роҳ надод. Худи ӯву тарафдоронаш боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Лидия Ярмошина, раиси комиссиюни интихоботии Беларус гуфт, ки сабаби ба қайд нагирифтани Бабарика ин аст, ки гӯё дар гузориш оид ба даромад ва дороиҳои ӯ номутобиқат ҷой дошт. Ӯ қарори худро шарҳ надод. Аз ширкат дар интихобот инчунин Валерий Тсепкало, соҳибкори маъруф ва собиқ сафири Беларус дар ИМА маҳрум шуд. Ярмошина гуфт, Тсепкало ба он хотир аз ширкат дар интихобот маҳрум шуд, ки бисёр ҷонибдорони ӯ  аз имзоҳои худ даст кашиданд. Ҳазорҳо эътирозгар дар манотиқи мухталифи шаҳри Минск намоишҳои эътирозии сулҳомез барпо карданд.  Инчунин дар шаҳрҳои минтақавии Бресту Гомел ҳам мардум ба эътироз бархостанд. Маркази ҳуқуқи башари “Весна” гуфт, ки беш аз 280 нафар дар саросари кишвар боздошт шудааст.