Wn/tg/Мақомоти тоҷик гаронии чиптаҳоро ба чартерӣ будани парвозҳо рабт доданд

< Wn | tg
Wn > tg > Мақомоти тоҷик гаронии чиптаҳоро ба чартерӣ будани парвозҳо рабт доданд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ

edit

Мақомоти тоҷик гаронии чиптаҳоро ба чартерӣ будани парвозҳо рабт доданд

edit

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ таҳлилу хулосаҳои худро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст. Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рузи 15-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ҳарчанд бозори ҳавоӣ дар кишвар таҳти монополияи ҳеҷ ширкате қарор надорад, аммо онҳо талош доранд нархи чиптаҳоро ба танзим дароранд. Муъминзод гуфт, "танҳо ду ширкати ватанӣ дорем, ки яке 17 дарсад ва дигари 28 дарсад дар ин бозор саҳм доранд. Дигар дар ин бозор ҳавопайҳои ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Тибқи маълумотҳои мо ҳоло нархи чиптаҳо то 450 евро аст".  Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуд, сабаби аслии гаронии нархи чиптаҳо дар чартерӣ будани парвозҳо аст, ки аз як самт бидуни мусофир парвоз мекунанд ва ҳамчунин 40 дарсад ҳақи хизматрасонии фурудгоҳҳоро пардохт мекунанд. Дар пайи авҷи пандемияи каронавирус роҳҳои ҳавоии байнулилалӣ баста шуданд ва ҳоло танҳо парвозҳои чартерӣ парвоз мекунанд. Аммо аксари мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шикоят доранд ки нархи чиптаҳо гарон аст. Охири моҳи гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки қимати билетҳо аз 23 то 24 ҳазор рубли русӣ аст ва дар муқоиса ба нархи пешинаи парвозҳо "чандон гарон нест".  Аммо муҳоҷирон мегуянд, билетҳоро аз 34 то 36 ҳазор рубл харидорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегуянд, посухи ҳукуматро дар мавриди таҳлилу хулосаҳои пешниҳодкардаашон интизоранд ва умедворанд бо аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо поин бурда мешавад.