Wn/tg/Коршинос: “Масофагирии иҷтимоӣ аз муносибатҳои шахсӣ ба робитаҳои байнидавлатӣ мегузарад”
“Хайр, ҷарима карданд, чӣ хел онро меситонанд? Кам касоне даромади доимӣ доранд. Сарбории иловагӣ ба судиҷрочиён. Ин ҷо чун дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ намешавад, ки барои ихтиёрӣ пардохтани ҷарима шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта шавад. Ба сурати умум, бар ин назарам, ки барои ниқоб надоштан ҷарима ҷорӣ кардан зарурат надорад. Дар ҳолати мо дигар хел рафтор кардан лозим аст, яъне ба одамон ба муассисаҳову мағоза, нақлиёти ҷамъиятӣ, толори варзишӣ ва дигар макону биноҳои сериздиҳом бе ниқоб даромаданро манъ кардан зарур аст, ки ҳозир ҳамин кор амалӣ мешавад”, - илова кард Одинаев. Вобаста ба пандемия дар Тоҷикистон расман карантин эълон нашуда, лекин рӯзи аввали эълони ҳолатҳои аввали ошкор шудани сироят дар кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 қарор кард, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои ҳама шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст.