Wn/tg/Коргарони чинӣ рафтанд, таъмири роҳ монд. Зарбаи коронавирус ба бахши нақлиёти Тоҷикистон

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Коргарони чинӣ рафтанд, таъмири роҳ монд. Зарбаи коронавирус ба бахши нақлиёти Тоҷикистон

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Коргарони чинӣ рафтанд, таъмири роҳ монд. Зарбаи коронавирус ба бахши нақлиёти Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, пандемияи коронавирус ба бахши нақлиёт ва боркашонии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ задааст. Вазири нақлиёт мегӯяд, бо шуруи пандемия ҳаҷми боркашонӣ кам шуд, коргарони ширкатҳои чинӣ рафтанд ва таъмири роҳҳо ба таъхир афтод.   Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, зарари асосии бемории COVID-19 пандемия ин ба таъхир афтодани кор дар лоиҳаҳои бахши нақлиёт аст. Аз ҷумла вазири нақлиёт гуфт, бо паҳншавии коронавирус таъмири роҳи Душанбе-Бохтар ба таъхир афтодааст. Бахши аввали ин роҳ, ки Душанберо ба маркази вилояти Хатлон пайваст мекунад, бояд моҳи октябри имсол баъд аз таъмир ба истифода дода мешуд. Аммо Вазири нақлиёт мегӯянд, кормандони ширкатҳои чинӣ, ки пудратчии асосӣ буданд ба кишварашон рафта, наметавонанд ба Тоҷикистон баргарданд. "92 нафар коргарони чинӣ, ки дар лоиҳаи мо кор мекунанд дар соли нав ба ватанашон рафтанд ва натавонистанд баргарданд. Мо чандин маротиба мактуб кардем, онҳо бояд баргарданд. Баъзеи дигар дар худи шаҳри Душанбе худро карантин (самоизалятсия) кардагӣ ҳастанд. Дар бисёри лоиҳаҳои мо ширкатҳои чинӣ иштирок мекунанд. Барои ҳамин ширкатҳои маҳаллиро ҷалб кардем кор рафта истодааст. Ба қарибӣ бояд аз Чин ба Тоҷикистон рейсҳои чартерӣ шаванд,"-гуфт вазири нақлиёт. Ба гуфтаи Худоёр Худоёрзода, ба ҷуз аз таъхири лоиҳаҳо дар давраи пандемия ҳаҷми боркашонӣ ҳам бамаротиб камтар шудааст. Тибқи омори Вазорати нақлиёт, танҳо дар шаш моҳи имсол аз ҳисоби боркашонии байналмилалӣ соҳаи нақлиёт 132,2 миллион сомонӣ зарар дидааст.  Даромад аз боркашонӣ тариқи қаторҳо низ ба гуфтаи Вазорати нақлиёт аз 12 миллион то 5 миллион сомонӣ кам шуд. Нишасти хабарии Вазорати нақлиёт   Аммо танҳо бахши нақлиёт нест, ки дар Тоҷикистон аз ҳисоби пандемия осеб дидааст. Мақомот мегӯянд, бисёр аз бахшҳое ҷомеа таъсири манфии пандемияи коронавирусро эҳсос кардаанд. То он ҷо, ки Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба президенти Бонки Осиёи Рушд навишт, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" ё "монеаи муқовиматнопазир" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад.  Муҳимтарин таъсири пандемияи короновирус ба иқтисоди Тоҷикистон, коҳиши маблағи муҳоҷирон аст, ки барои иқтисоди кишвар муҳим гуфта мешавад.  Тоҷикистон танҳо рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро эътироф кард. Ҳарчанд пеш аз он низ шубҳаҳо дар бораи мавҷудияти вирус зиёд буданд.