Wn/tg/Интихоботи муҳим ба хотири ояндаи аврупоии Македонияи Шимолӣ

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Интихоботи муҳим ба хотири ояндаи аврупоии Македонияи Шимолӣ

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Интихоботи муҳим ба хотири ояндаи аврупоии Македонияи Шимолӣ

Дар Македонияи Шимолӣ рӯзи 15 июл интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки сарнавишти ояндаи ин кишвари минтақаи Балкан ба самти Аврупо ва НАТО-ро мушаххас хоҳад кард. Ин нахустин интихоботи парлумонии кишваре бо номи нави Македонияи Шимолӣ мебошад, ки дар он Иттиҳоди сотсиал-демократии Македония (SDSM) ва ҳизби демократии Македония барои ваҳдати миллӣ (VMRO-DPMNE) вориди рақобати шадид шудаанд. Қарор буд интихоботи парлумонии Македонияи Шимолӣ моҳи апрел баргузор шавад, вале бо сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир уфтод. Бо паҳншавии беморӣ, қарор шуд овоздиҳӣ 15 июл баргузор шавад ва ба хотири пешгирӣ аз олудашавии мардум, соатҳои овоздиҳӣ ду соати иловагӣ - то 9 шом тамдид гардид. Баъди истеъфои ҳукумати нахуствазир Зоран Заев дар моҳи январ, ки натавонист музокирот барои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро оғоз бахшад, мудирияти кишварро ҳукумати муваққатӣ идома медиҳад. Баъди чанд моҳи таъхир бо сабаби мухолифати Фаронса, моҳи марти имсол ниҳоят ИА ба Македонияи Шимолӣ иҷоза дод, ки  музокироти расмӣ барои узвият дар ин созмон  шурӯъ шавад. Заев, раҳбари SDSM, бо Юнон ба мувофиқа расида буд, ки исми кишварро дигар кунад ва бо ин роҳи Скопйе ба узвияти НАТО боз шавад. Македония исми таърихии минтақае дар Юнони имрӯза аст ва ихтилоф аз он ҷо сар зад, ки рӯзе эҳтимоли даъвои ҳудудӣ кардани ин кишвар вуҷуд дорад. Македонияи Шимолӣ яке аз кишварҳои нодортарин дар қораи Аврупо аст. Ҳриштиан Митсковски, раҳбари  VMRO  дар маъракаи интихоботӣ Заевро дар масоили миллӣ бисёр ҳамла кард. Пешбинии натиҷаҳои овоздиҳӣ ин аст, ки аз миёни ду ҳизби калони сиёсӣ ҳеҷ яке бештар аз 25 % нахоҳад гирифт  ва барои ишғоли ҳадди аққал 61 курсӣ аз 120 курсии кулли парлумон қодир нахоҳад буд.