Wn/tg/Идомаи эътирозҳо дар Белорус. Лукашенко танқиди кишварҳои Ғарбиро беасос номид

< Wn‎ | tg
Wn > tg > Идомаи эътирозҳо дар Белорус. Лукашенко танқиди кишварҳои Ғарбиро беасос номид

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Идомаи эътирозҳо дар Белорус. Лукашенко танқиди кишварҳои Ғарбиро беасос номид

Президенти Белорус Александр Лукашенко танқиди кишварҳои ғарбӣ дар бораи таъқиби хушунатбори мухолифинро беасос номид. Лукашенко гуфт, "мо намехоҳем касе ба мо дастур диҳад, ки чӣ хел зиндагӣ кунем."  Рӯзи 14-уми июл баъди худдории комиссияи интихоботӣ аз сабти номи ду довталаби курсии президенти Белорусия, тарафдорони онҳо роҳпаймоиҳои эътирозӣ ташкил намуданд. Вале пулиси таъиноти махсус онҳоро пароканда кард. Рӯзи чаҳоршанбе Лукашенкои 65-сола дар шаҳри Витебск бо роҳбарони ин устони шарқӣ дидору гуфтугӯ дошт. Лукашенко, ки мехоҳад дар интихоботи 9-уми август бори шашум ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишинад гуфт, ки мо бо тамоми василаҳои қонунӣ аз кишварамон ҳимоят мекунем. Дар ҳоле, ки Лукашенко суҳбат мекард дар Минск пойтахти Белорус камаш ду ҳазор нафар бо аризаҳои шикоятӣ ба комиссияи марказии интихобот муроҷиат карданд. Онҳо талаб доранд, ки ду довталаби мухолифи ҳукумат барои ширкат дар интихоботи президентӣ сабти ном шаванд. Полис ин издмиҳомро ҳам пароканда карда, 16 касро боздошт намуд. Дар умум рӯзи 14-уми июл беш аз 300 нафар боздошт шуда буданд.