Wn/tg/Зариф ва Алавӣ дар Теҳрон чӣ гуфтанд

< Wn | tg
Wn > tg > Зариф ва Алавӣ дар Теҳрон чӣ гуфтанд

28 июли 2019 Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бо Юсуф бин Алавӣ ҳамтои худ аз Уммон мулоқот кард. Уммон дар гузашта ба ҳайси кишвари бетарафе байни Амрикову Эрон миёнҷигарӣ кардааст. Мулоқот рӯзи 27-уми июл дар Теҳрон ва дар замоне сурат гирифт, ки танишҳо байни Амрико ва шарикони он дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз авҷ гирифтааст. Ин гулӯгоҳ дар Халиҷи Форс яке аз роҳҳои ҳаётии ҳаракати киштиҳои нафткаш дар ҷаҳон аст.

Уммон дар гузашта барои гуфтугӯ байни Амрикову Эрон миёнҷигарӣ кардааст ва гуфтааст, ки бо “тарафҳои дигар” кор мекунад, то таниш байни он ду кишвар кам шавад. Юсуф бин Алавӣ моҳи май ба як рӯзномаи арабизабон гуфт, ки “Хатари сар задани ҷанге вуҷуд дорад, ки ба тамоми ҷаҳон осеб мерасонад. Ва ҳарду тараф амрикоиҳо ва эрониҳо ин хатарро медонанд.” Айни замон на Эрон ва на Уммон дар бораи талошҳо барои миёнҷигарӣ чизе нагуфтаанд.