Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Дума тарҳи қонуни муҷозоткунанда барои интиқоди ишғоли Қримро қабул кард
Думаи давлатии Русия дар хониши аввал тарҳи қонуни тавсеаёфта дар бораи ифротгароиро қабул кард. Ин тарҳ алайҳи фаъолони мухолифин ва сиёсатмадороне равона шудааст, ки қонунмандии ғасби нимҷазираи Қримро ба ҳар шакл зери суол мебаранд. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ рӯзи 14 июл гуфт, тарҳе, ки қарор аст ба қонун табдил шавад, ба хотири “ҳифзи тамомияти арзии Русия” равона шуда, “ҷудоиталабонро ба унвони ифротгаро” арзёбӣ мекунад. Володин гуфт, “ҳама гуна даъват барои ҷудо кардани минтақаҳои Русия ғайри қобили қабул аст”. Қонуни мазкур инчунин барои матбуот ва шабакаҳои интернетиву хабарӣ барои нашри “муроҷиатҳои ҷамъиятӣ” дар ин замина ҷаримабандиву пайгарди ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Ишғоли худсаронаи Қрими Украина дар соли 2014 аз ҷониби Русия мавриди маҳкумияти ҷомеаи байналмилалӣ шуд ва то ҳол чандин нафар, аз ҷумла рӯшанфикрон барои маҳкум кардани Кремлин барои ин кораш ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.