Wn/tg/Дар 75-солагии СММ Гутерреш аз ҳамраъйии бештари кишварҳо сӯҳбат кард

< Wn | tg
Wn > tg > Дар 75-солагии СММ Гутерреш аз ҳамраъйии бештари кишварҳо сӯҳбат кард

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Дар 75-солагии СММ Гутерреш аз ҳамраъйии бештари кишварҳо сӯҳбат кард

Дар пасманзари пандемияи коронавирус СММ 75-умин солгарди таъсиси худро бо як маъракаи сартосарии онлайнӣ таҷлил мекунад. Ба ин муносибат дар Ню-Йорк ҳам маҷмаи кулли СММ бо ширкати раҳбарони давлатҳои узви ин созмон ба кор шурӯъ кард ва ҳар раҳбар бо ирсоли паёми видеоӣ ширкати худро дар ин ҷаласа таъмин намуд. Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш, ки аз маҷлисгоҳи калони Маҷмаи кулл паём медод, ба ҳамраъйии бештар даъват кард. Ӯ гуфт, ки пандемия эҳтиёҷ ба ҳамкориву муттаҳидӣ ба хотири муқобила бо мушкилоти ҳамагониро таъкид намуд. Дар паёми видеоии худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти СММ-ро дар амри муқобила бо чолишҳои замони нав муҳим арзёбӣ кардааст. Вебсайти президенти Тоҷикистон матни суханронии раҳбари Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии коронавируси нав COVID–19-ро аз таҳдидҳое ном мебарад, ки  барои муқобила бо онҳо  кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ё мултилатерализм ниёз доранд.


Ин ҳама сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки солҳои охир бархе мунаққидон ба “кӯҳна шудани идеяи СММ” ва заъифтар шудани тавонмандиҳои он дар амри ҳалли бӯҳронҳои ҷиддии сиёсии ҷаҳонӣ ишора мекунанд.