Wn/tg/Дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори коронавирус аз беморхона рухсат шуданд

< Wn | tg
Wn > tg > Дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори коронавирус аз беморхона рухсат шуданд

Дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки 2 июн дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, гузориш дода шуд. Дар кори он раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ва масъулин иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили ҳолати воқеии пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад. Зимни ҷаласа ба муовини Сарвазири мамлакат гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд. Хотиррасон мешавем, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд. Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.