Wn/tg/Дар нимсолаи аввали соли равон 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуд

< Wn | tg
Wn > tg > Дар нимсолаи аввали соли равон 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуд

АМИТ "Ховар" Дар нимсолаи аввали соли равон 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуд

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар тамоми ҷумҳурӣ 1117 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, дар ин давра аз ҳама бештар хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Хатлон- 405 ва вилояти Суғд-401 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 271 ва дар ВМКБ – 40 ададро ташкил доданд.

Дар маҷмӯъ, ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 188162 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст. Аз ин шумора 69594 адад ба вилояти Суғд, 68758  ба вилояти Хатлон, 16252 ба ВМБК ва 33558 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  рост меоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои бақайдгирӣ 21467 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 2443 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 114 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасон, 16260 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 273 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 2377 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.